Пешниҳоди ҷазо барои ҷамъоварии пул дар мактабҳои Қирғизистон

Акс аз бойгонӣ

Вакили порлумони Қирғизистон Миргул Темирбоева пешниҳод кардааст, ки барои ҷамъоварии пул дар мактабҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шавад.

Темирбоева мегӯяд, ба Кодекси маъмурии Қирғизистон бояд банди "Ҷамъоварии ғайриқонунии пул дар мактабҳои миёнаи давлатӣ" ворид карда шавад.

Дар сурати ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардани пул тавассути бунёде, ки дар мактабҳо ташкил шудааст, шахсони воқеӣ 40 ҳазор сом ва шахсони ҳуқуқӣ 60 ҳазор сом ҷарима хоҳанд шуд.

Темирбоева дар моҳи сентябри соли 2023 низ чунин пешниҳодро ироа карда буд. Он замон ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ 7500 ҳазор сом (беш аз 80 доллари амрикоӣ) гуфта мешуд.

Расонаҳо баъд аз ин пешниҳод хабар доданд, ки Девони вазирони Қирғизистон бо қабули қарор ҷамъоварии пулро дар мактабҳо манъ кардааст. Президенти Қирғизистон низ аз Вазорати маорифи ин кишвар хост, монеи ҷамъоварии пул дар мактабҳо шавад.