Пештар ин талаб танҳо аз кормандони мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ карда мешуд, акнун навбат ба кормандони дигари ниҳодҳои буҷавӣ расидааст.
"Телефонҳои ҳамроҳи кормандони буҷавиро тафтиш карданд ва талаб карданд, ки дар бораи бастани саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ забонхат диҳанд", - гуфт як манбаъ дар вилояти Ахалтека.
Ба илова кормандони буҷавиро таҳдид кардаанд, ки дар сурати истифодаи филтршиканҳо ё VPN аз кор ронда хоҳанд шуд.
Дар Туркманистон шабакаҳои иҷтимоӣ, амсоли Facebook, Instagram ва Twitter дар бештар аз 122 ҳазор суроғаи дигари интернетӣ баста аст.
Кормандони буҷавӣ мегӯянд, истифода бурдан аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои тамос гирифтан бо хешовандонашон, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, бисёр муҳим аст.