Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев 29 апрел бо сардори Раёсати робитаҳои хориҷии иқтисодӣ ва байналмилалии шаҳри Маскави Русия Сергей Черемин мулоқот кардааст.
Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иттилоъ дода, ки дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Қирғизистону Маскав баррасӣ карда шудааст.
Кулубоев бо ишора бар ин ки шаҳрвандони зиёди Қирғизистон дар пойтахти Русия кор мекунанд, аз шаҳрдории Маскав дархост кардааст, ки барои шароити мусоид фароҳам овардан ба муҳоҷирони кишвараш мусоидат кунад.
Ин дархости Кулубоев дар пасманзари хабарҳо дар бораи афзоиш ва сахттар шудани рейдҳо алайҳи муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Русия садо медиҳад. Санҷиши муҳоҷирон баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Холл", ки 22 марти имсол сурат гирифт, сахттар шудааст.