Тоҷикони Қазоқистон ба ёрии осебдидагон шитофтаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Қазоқистон, ки мардуми зиёде дар он ба сабаби обхезӣ бехонаву саргардон шудаанд, гуруҳе аз тоҷикони муқими инҷову муҳоҷирон ба кумаки мардуми осебдида мешитобанд. Ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ нишон доданд, ки аз чӣ роҳе ба мардуми муҳтоҷи дастгирӣ дар ин рӯзҳои сахт дасти ёрӣ дароз кардаанд.