Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Италия ва танқиди мухолифон

Гӯшае аз шаҳри Рум, Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳукуматаш солҳои охир ба саркӯби дигарандешон ва нақзи озодиҳои мардум танқид мешавад, рӯзи 22-юми апрел ба Италия рафтааст. Дафтари матбуоти президент онро сафари расмӣ номид, вале ҷузъиёти барномаро нагуфт.

Гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ибрози таассуф кардаанд, ки кишвари аврупоии Италия раҳбари худкома Эмомалӣ Раҳмонро пешвоз мегирад.

"Тааҷҷубовар ин аст, ки кишварҳои аврупоӣ алайҳи Владимир Путин, президенти Русия ва Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус таҳримҳо эъмол карданд. Аммо на танҳо Эмомалӣ Раҳмонро таҳрим намекунанд, балки ӯро пешвоз мегиранду дасташро мефишоранд," – гуфта шудааст дар баёнияи Паймони миллии Тоҷикистон аз 20-уми апрел.

Ин эътилофи созмонҳои мухолиф Эмомалӣ Раҳмонро ба фақру нодории мардум ва саркӯбгарию нақзи ҳуқуқи башар дар беш аз 30 соли ҳокимияташ танқид кардааст. "Гароиши рӯзафзуни ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва ширкати онҳо дар амалҳои террористӣ низ натоиҷи табии саркӯбгарӣ дар се даҳаи охир аст," – омадааст дар баёния.

Дар моҳи марти имсол як гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо гуфтанд, ки мақомот фишорро ба хешовандони онҳо дар дохили кишвар бештар кардаанд. Сабаб, ба гуфтаи онҳо, ин будааст, ки "эҳтимол раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои аврупоӣ сафар кунад ва намояндагони мухолифон ба зидди ӯ бояд тазоҳурот накунанд, шиор надиҳанд ва тухм напартоянд".

Як созмони мухолифи ҳукумат гуфт, ки пайравонаш мошини ҳомили президент Эмомалӣ Раҳмонро дар Берлин бо тухм задаанд. Моҳи сентябри соли 2023

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2023 дар Олмон буд ва он ҳангом мухолифон ба зидди ӯ гирдиҳамоӣ карда, шиор доданд ва ба тарафи мошини ҳомили ӯ тухм заданд. Ин ҳолат хашми мақомотро барангехт ва наздикони баъзе аз мухолифонро дастгир ва бархеро пурра аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум карданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) он замон дар гузорише гуфт, ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе танҳо пас аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.