Боздошти муттаҳамони ҳамла ба яке аз ёрони Навалний дар Лаҳистон

Леонид Волков

Ду мардро ба иттиҳоми ҳамла ба Леонид Волков, яке аз ёрони пешини Алексей Навалний, дар Лаҳистон (Полша) дастгир кардаанд.

Дар ин бора президенти Литва, Гитанас Науседа, рӯзи 19-уми апрел хабар дод. Вай гуфт, гумонбаронро барои муҳокима аз Лаҳистон ба Литва мебаранд.

Леонид Волков, раиси пешини ситоди Алексей Навалний ва раиси собиқи Бунёди мубориза бо фасоди ӯ, соли 2019 Русияро тарк кард ва дар Литва кору зиндагӣ мекунад.

Шахсони ношинос моҳи марти имсол ба ӯ дар хонааш ҳамла карда, бо путк ё болға заданд, дасташро шикастанд ва осебҳои дигар расонданд.

Худаш ҳамларо кори дасти мақомоти Русия донист ва ба хабарнигорон гуфт, ки ба мубориза ба зидди президент Владимир Путин идома хоҳад дод.

Ҳамла ба Леонид Волков пас аз тақрибан як моҳи марги Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф ва мунтақиди сарсахти Путин, сурат гирифт. Навалний дар шароити мармуз дар зиндон даргузашт.