Русия дар Душанбе бинои нави театри Маяковский месозад

Бинои қадимаи театри Маяковский.

Бинои нави театри Маяковский дар шаҳри Душанбе бо маблағи Русия сохта мешавад. Созишномаи мазкурро рӯзи 11-уми апрел Маҷлиси намояндагон қабул кард.

Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар назди вакилон гуфт, шаҳрдори Душанбе барои сохтани бинои театр дар кӯчаи Маяковский як гектар замин ҷудо кардааст.

Ба гуфтаи Шарифзода, хароҷоти сохтмони театри навро Русия ба уҳда гирифтааст. Аммо ин мақомдор нагуфт, ки хароҷоти сохтани бинои театр чӣ қадар аст ва сохтмонаш кай оғоз мешавад. Муовини вазири фарҳанг танҳо илова кард, ки созишнома дар бораи сохтани бинои театри Маяковский барои 15 сол баста шудааст.

Театри драмавии русии ба номи Маяковский қаблан дар шаҳри Душанбе соҳиби бинои худ буд, аммо соли 2016 онро тахриб карда, ҳунармандонро дар бинои театри Лоҳутӣ ҷой доданд.

Бинои тахрибшудаи Театри Маяковский аз қадимтарин биноҳои пойтахт буд ва бо вуҷуди даъватҳо онро тахриб карда, дар ҷояш бинои ҳукумат сохтанд.