"Ҷониби Узбекистон тарафҳои даргириро ба хештандорӣ ва идома наёфтани амалиёти низомӣ даъват мекунад. Ҳамчунин даъват мекунад, ки барои ҳалли сиёсии ҳарчи зудтари низоъ тамоми чораҳои имконпазир андешида шаванд", - омадааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Узбекистон.
Ҷониби Узбекистон гуфтааст, бовар дорад, ки идома ёфтани ташаннуҷи вазъ дар минтақа метавонад пайомадҳои ҷиддитар ва задухӯрдҳои бузургтари низомиро ба бор орад.
Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) партоб кард. Артиши он кишвар гуфт, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расиданд".
Исроил ва муттаҳидонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд.