Ин шахс, ки номаш гуфта намешавад, рӯзи 11 апрел дар фурудгоҳи Алматӣ пас аз баромадан аз ҳавопаймои Маскав боздошт шудааст.
Дар хабари мақомоти Қазоқистон омадааст, ки боздоштшуда "аз моҳи сентябри соли 2023 бо гумони ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бе шаҳрвандӣ ба ширкат дар воҳидҳои мусаллаҳ, даргириҳо ё амалиёти низомӣ дар кишварҳои сеюм таҳти пайгарди байналмилал будааст". Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ баррасӣ мешавад.
Боздошти шаҳрванди Русия баъд аз се ҳафтаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав сурат гирифт, ки гуфта мешавад, дар он афроди мусаллаҳ ба камияш 143 нафарро куштанд.
Маскав дар ин ҳамла Украина ва тундравони исломиро айбдор кард. Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт ва бо гумони иҷрои он чандин шаҳрванди Тоҷикистон, як шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд. Қазияи “Крокус” сабаби афзоиши фишору бадрафторӣ ва ихроҷи муҳоҷирони осиёимиёнагӣ аз Русия шуд.
Наздик ба 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон Дар Русия муҳоҷиранд ва садҳо нафари онҳоро Русия маҷбуран ба ҷанги Украина мефиристад.