Вай рӯзи 11 апрел, дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд дар вилояти Суғд гуфт: “Дар шароити имрӯза мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”.
Як рӯз пеш аз ин, дар шаҳри Гулистон зимни суханронӣ дар назди раҳбарону фаъолони маҳаллӣ ҳам ӯ гуфт, масъулин “...ба бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамдиёрон ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар кардани мардум, аз ҷумла соҳибкорон” вазифадор шуданд.
Нигоҳи сатҳӣ ба суханрониҳои қаблии президенти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ӯ дастикам ду дафъаи дигар дар гузашта – солҳои 2021 ва 2022 ба кам кардани шиддати муҳоҷирати корӣ аз роҳи эҷоди ҷойҳои кории нав дар кишвар даъват карда будааст, вале дар пасманзари ҳодисаҳои мудҳиши Маскав 22 марти соли ҷорӣ, ин даъват тобиши тозае касб мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: IOM дар талоши ҷалби $ 7,9 миллиард барои кӯмак ба муҳоҷирон астИн дар ҳолест, ки соли 2020 ҳукумати Тоҷикистон дар "Пешбинии нишондодҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023" навишта буд, ки муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа, аз ҷумла Русия, боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Мақомот дар Тоҷикистон дар гузашта муҳоҷирати шаҳрвандонро бо ҳадафи кору даромад ба кишварҳои хориҷӣ як амри ногузир номидаанд.
Як далелаш дар афзоиши беш аз 8-дарсадии аҳолии қобили меҳнат дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ҳодисаҳои Крокус бори дигар ба чандин мушкил дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ишора намуд, ки қаблан бештар дар сатҳи коршиносон садо медод. Ин хатарнок будани вобастагӣ танҳо аз бозори кори Русия, амиқ ва то рафт васеътар шудани мушкили фасод ва дар дасти афроди наздик ба президент тамаркуз ёфтани бахшҳои муҳими иқтисоди кишвар, монополияи соҳаҳои даромаднок мебошад, ки қишри аъзами аҳолии ҷӯёи корро ногузир ба ҷустуҷӯи даромад ба берун аз кишвар тела медиҳад.