"Гурӯҳи 24" ҳукми Билол Қурбоналиевро "сиёсӣ" хонд

Билол Қурбоналиевро моҳи ноябри соли 2023 аз Олмон ронданд. Акс аз саҳнаест, ки ӯ нуҳ моҳ пеш нақши як блогери дастгиршудаи тоҷикро бозидааст

“Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, зиндонӣ шудани як узви фаъолашро дар Душанбе маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Билол Қурбоналиевро даҳ ҳол аз озодӣ маҳрум намудааст. Ҳукм дар моҳи феврали имсол содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи онро рӯзи 11-уми апрел гирифт.

Ҳусейн Ашӯров, иҷрокунандаи вазифаи раиси “Гурӯҳи 24”, ҳукми Додгоҳро нисбат ба Билол Қурбоналиев “ғайриқонунӣ” хонд.

Ӯ рӯзи 11-уми апрел гуфт: "Шохаи судӣ (додгоҳӣ) дар Тоҷикистон мустақил нест ва ба нафъи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон кор мекунад. Қурбоналиевро барои доштани ақидаи сиёсияш зиндонӣ карданд. Ҳадафи ҳукм хомӯш кардани садои озодихоҳон ва тарс додани қишри ҷавони кишвар аст. Аз ҳукумати Тоҷикистон ҳеч интизорӣ надорем, аммо аз ҳукуматҳои аврупоӣ мехоҳем фаъолони сиёсиеро, ки ҷонашон дар хатар аст, аз кишварҳояшон набояд ихроҷ кунанд."

Билол Қурбоналиевро дар моҳи ноябри соли 2023 аз Олмон ронданд. Ӯ яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон буд.

Рӯзҳои 28-29-уми сентябри соли 2023 ҳангоми сафари Раҳмон ба Олмон намояндагони мухолифон ба зидди ӯ шиор дода, ба сӯйи корвони мошинҳои президент тухм партофтанд.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.