Раёсати умури дохилии Брянски Русия рӯзи 23-юми март онҳоро гумонбари ҳамла ба маҷмаи "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав номбар кард. Аксу маълумоти кӯтоҳ дар бораашон зуд нашру паҳн шуд.
Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе хабарро рад намуд ва бо нашри акси онҳо ва шиносномаашон гуфт, ки Ривоҷиддин ва Маҳмадарасул аз моҳи ноябри соли 2023 боз дар деҳа ва дар назди ҳамсару фарзандон ҳастанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои ёфтани ин ду нафар ҳафтае пеш, 4-уми апрел, ба деҳаи Саноати ҷамоати Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ рафтанд, то бинанд, ки онҳо дар озодӣ ҳастанд ё бозпурсӣ ва хабарро чӣ гуна дарёфтанду ин марҳиларо чӣ хел паси сар карданд.
Ҳамон рӯз онҳо дар хона пайдо нашуданд. Баъзе аз ҳамсояҳо гуфтанд, ки Ривоҷиддин Исмонов ва Маҳмадрасул Насриддинов дар озодӣ ҳастанд, аммо ҳоло берун аз манзил. Интизории тақрибан 6-соатӣ барои дидани ин ду сокини деҳаи Саноат натиҷа надод.
"Пайвандонашон низ нахостанд, ки суҳбат кунанд. Талош кардем, бо раиси деҳаи Саноат ҳамсуҳбат шавем, ӯ низ худдорӣ кард," – мегӯяд хабарнигори Радиои Озодӣ Иршод Сулаймонӣ.
Ин дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз гумонбарони ҳамла ба маркази "Крокус Сити" дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ дар мавриди қазия ва фарзандони худ гап заданд. Маълум нест, сабаби худдории Ривоҷиддин Исмонов ва Маҳмадрасул Насриддинов ва пайвандони онҳо аз суҳбат бо хабарнигорон чӣ буд.
Бархе коршиносон як далели “даҳони пӯшида”-и онҳоро ба норӯшан мондани мавқеи ҳукумати Тоҷикистон рабт доданд. Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо гуфт, “маълум будани мавқеи ниҳодҳои давлат ҷуръат мебахшид, ҳам ба ҷомеа ва ҳам ба онҳое, ки бевосита ё бавосита ба қазия рабт доштанд.”
“Ҳамин чизро эҳсос накарданд. Яъне, бори дигар исбот шуд, ки на ҳамеша метавонем аз шаҳрвандони худ, ҳадди ақал аз нигоҳи ҳуқуқӣ дастгирӣ кунем. Бояд муносибати қонуниву ҳуқуқӣ сурат мегирифт, ки ин чизро мутаассифона надидем,” – афзуд ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад