Як роҳи гирифтани ҳаққи иқомат дар Русия сахттар шуд

Думаи давлатии Русия як роҳи гирифтани ҳаққи иқомат дар Русияро мушкилтар кард.

То ин вақт баъзе аз муҳоҷирон баъди издивоҷ бо шаҳрвандони Русия, соҳиби ҳаққи иқомат ва ба дунболи он шиносномаи русӣ мегирифтанд.

Аммо бар асоси қонуни наве, ки ахиран Думаи давлатӣ қабул кард, акнун шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъди ду соли издивоҷ бо шаҳрванди Русия, соҳиби ҳаққи иқомат дар он кишвар мешаванд.

Муаллифони қонун гуфтанд, ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз издивоҷҳои қалбакӣ аст.

Як қисми муҳоҷирон аз Тоҷикистон низ талош мекунанд дар Русия ҳаққи иқомат гиранд ва ҳамин соҳиби шаҳрвандии он кишвар шаванд.

Миёни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад ва солона садҳо тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи русиро мегиранд.