Маскав: Ба ду пулис ҳамла карда, яке аз онҳоро куштаанд

Акс аз бойгонӣ

Шахсони ношинос дар вилояти Маскав ба ду пулис ҳамла карда, яке аз онҳоро куштаанд. Ҳодиса 7-уми апрел дар минтақаи “Озон”-и вилояти Маскав рух дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, яке аз кормандони пулис аз тири силоҳ ба ҳалокат расида, дувумӣ маҷруҳ шудааст.

Саҳифаи Baza дар Телеграм хабар дод, ки гумонбар дар қазия боздошт шудааст. Ба қавли манбаъ, муттаҳам Филип ном дошта, нимашаби 8-уми апрел дар вилояти Твер дастгир шуд.

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ба кормандони пулис замоне ҳамла карданд, ки онҳо барои боздошти қочоқбарони маводи мухаддир рафта буданд.