Дар Олмон бадрафторӣ бо муҳоҷирон дар Русияро маҳкум карданд

Акс аз бойгонист.

Гурӯҳе аз мардум рӯзи шанбе дар назди сафорати Русия дар Берлин ба зидди зери по кардани ҳуқуқи муҳоҷирон ва бегонаситезӣ дар Русия эътироз кардаанд,

Баргузоркунандагони тазоҳурот, ки баъзе дар даст парчамҳои Тоҷикистонро доштанд, гуфтаанд, истисмори осебпазиртарин табақа ба Путин имкон медиҳад, “тасвире аз азамат ва шукуфоии Русияро биёфарад, ки пушти он заҳмати бардавори миллионҳо нафаре ҳаст, ҳуқуқашон ҳеч ҳимоят намешавад.“

Дар як шиори дасти тазоҳургарон навишта шудааст, “Маскав ба шарофати заҳмати ғуломвори муҳоҷирон зебо шуд, на Собянин.” Дар шиори дигар ба забони англисӣ навиштаанд, “Вақте ман радиои Русияро мегузорам, фикр мекунам, Гитлер зинда аст.”

Тазоҳургарон хостанд, шеваҳои бераҳмонаи боздошти муттаҳамон маҳкум карда шавад. Баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус дар канори Маскав, ки дар он бештар аз 140 нафар кушта шуданд, бегонаситезӣ ва бадрафторӣ бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия авҷ гирифт.

Даста-даста боздошт кардани муҳоҷирону рондани онҳо аз қаламрави Русия ҳам тақрибан ҳар рӯз дар хабарҳо дида мешавад Чаҳор муттаҳами аслӣ ба анҷоми ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистонро маъмурони амниятии Русия бераҳмона задаанд ва осори латукӯбу шиканҷа сару рӯи сиёҳу кабуди онҳо возеҳ ба назар мерасид.