Дар ҳамлаи Русия ба Запорожйе се нафар кушта шудаанд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Русия дар шаби гузашта ба вилояти Запорожйе дар Украина 3 нафар ҳалок шудаанд.

Иван Фёдоров, раиси дастгоҳи ҳукумати вилоят, гуфт, нерӯҳои Русия бо истифода аз системаи “Град” шаҳри Гуляйполеро тирборон кардаанд, ки дар натиҷа як хона вайрон шуда ва ду марду як зан зери он ҷон додаанд.

Яке дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар вилояти Харков бино ба гузоришҳо, неруҳои Русия ба яке аз хонаҳои баландошёна бомб андохтаанд ва дар онҷо як зан ба ҳалокат расидааст. Дар худи шаҳри Харков бо паҳподҳо ҳамла кардаанд ва се нафар захм бардоштаанд.

Артиши Украина гуфт, ки шаби гузашта дар қаламрави кишвар 17 паҳподи “Шаҳид” ва сохти Эронро нобуд кардаанд. Русия ҳар рӯз ба Украина ҳамла мекунад ва мегӯяд, ки иншооти низомиро ҳадаф мегирад, вале фармондеҳони рус, ҳалокати мардуми осоишта ва вайрону валангор шудани хонаҳои мардуми осоиштаро шарҳ намедиҳанд.