Аз ин баъд агар дар оҳангҳое, ки дар Чеченистон офарида мешаванд, дар як дақиқа бештар аз 116 зарб бошад, иҷозаи нашр намегирад. Бар асоси фармони вазорати фарҳанги Чеченистон, дар ҳар як дақиқаи оҳанг бояд аз 80 то 116 зарб бошад, зеро чунин ритм “ба менталитети мардуми чечен” мутобиқат мекунад.
Мусо Дадоев, вазири фарҳанги Чеченистон ҳамин ҳафта дар як ҷаласаи вазорат гуфтааст, оҳангҳое, ки дар ҷумҳурӣ офаридаву иҷро мешаванд, бояд “мероси мардуми чеченро ба мардум ва наслҳои ояндаи мо бирасонад.”
Ба қавли вазир, қарор дар бораи маҳдуд кардани ритму шеваҳои оҳангсозиро бо раиси ҷумҳур Рамазон Қодиров мувофиқа кардаанд. Ба оҳангсозон амр додаанд, ки оҳангҳояшонро то рӯзи 1-уми июн мутобиқ ба қоидаи нав сабт кунанд, дар акси ҳол нашру шунидани онҳо дар қаламрави Чеченистон манъ мешавад.
Дар гузашта дар Чеченистон баъзе аз овозхонҳои ҷавонро барои сароидан бо шеваи “номуносиб барои мардуми чечен” сарзаниш кардаанд.