Дар Қоҳира даври аввали музокироти Исроилу ҲАМОС барпо мешавад

Хабаргузории Рейтерс гуфт, қарор аст дар Қоҳира рӯзҳои истироҳат даври аввали музокироти оташбас дар Ғазза бар ивази  гаравгонҳое, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд, барпо шавад.

Дар ин музокираҳо, бино ба иттилои Кохи Сафед, намояндагони ИМА ҳам иштирок хоҳанд кард.

Ҳайати амрикоиро раиси Маркази истихборот Билл Бёрнс раҳбарӣ мекунад. Дар як занги телефонии пешакӣ президент Ҷо Байден аз нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу хостааст, ба намояндагони мақомоти Исроил салоҳияти бештар бидиҳад, то тавонанд зудтар ба мувофиқа бирасанд.

Инчунин маъмурияти Байден аз раҳбарони Мисру Қатар дархост кардааст, ки ба намояндагони ҲАМОС ба хотири дастёбӣ ба натиҷа фишор оваранд. ИМА ва шарикони он оташбасро шарти муҳими таъмини кӯмакҳои башарӣ ба мардуми Ғазза арзёбӣ мекунанд.