Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар моҳи июли имсол дар Қазоқистон размоиши муштараки низомӣ бо номи “Иттиҳод-2024” баргузор мекунанд.
Ба иттилои Вазорати дифои Озарбойҷон, вазирони дифои кишварҳои мазкур 4-уми апрел дар шаҳри Актауи Қазоқистон мулоқот ва масъалаҳои вобаста ба баргузории тамринро баррасӣ кардаанд.
Тамринҳои низомӣ дар размоишгоҳҳои Оймаш ва Тоқмаки Қазоқистон баргузор мегарданд.
Дар ҷараёни онҳо “Иҷрои супоришҳои ҳарбӣ дар самти таъйини минтақаи задухӯрдҳои мусаллаҳона” тамрин мешавад.
Дар вохӯрии вазирони дифои кишварҳои ширкатдор масъалаҳои вобаста ба омодагӣ барои размоиш низ баррасӣ карда шудаанд.