Гурӯҳи “Ҷайш-ул-Адл” аз сӯйи Эрон ва чанд кишвари ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, созмони террористӣ эътироф шудааст. Аъзои он асосан дар ҷанубу шарқи Эрон ва дар сарҳад бо Афғонистону Покистон ҳастанд.
Мақомоти Эрон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки даргирӣ тақрибан 14 соат идома кард. Ба иттилои онҳо, дар ин ҳодиса 11 нерӯи давлатӣ ва 18 ҷангҷӯ кушта шудаанд.
Муовини вазири амнияти Эрон омори кушташудаҳоро тасдиқ кард ва ҳамзамон афзуд, ки эҳтимол шумораи онҳо аз ҳарду тараф биафзояд.
Бар асоси гузоришҳо, танҳо дар ҳамлаи ҷангҷӯён ба маркази Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва пойгоҳҳои полис дар Раску Чобаҳор камаш панҷ маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Хабаргузории давлатии ИРНА гуфт, дар миёни ҷонбохтагон як сарбоз, як узви Сипоҳ, як узви ниманизоми Басиҷ ва ду афсари интизомӣ ҳастанд.
Фармондеҳи нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст, ҳамлагарон ҳамзамон чанд мавзеъро нишон гирифта буданд.
Ин даргирӣ пас аз ду рӯзи ҳамлаи ҳавоӣ ба Димишқ, пойтахти Сурия ва кушта шудани ҳафт нерӯи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон дар онҷо рух дод.