Хабаргузории русии "ТАСС" рӯзи 4-уми апрел дар ин бора хабар дод, аммо ҳувияти онҳо ва ҷузъиёти қазияро ошкор накард.
Манбаъ аз қавли масъулони ФСБ навиштааст, ки ин се нафар ба ҳамлаварон силоҳу мошин харида додаанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил имонпазир нест.
Гумонбарон дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург ва Омск боздошт шудаанд.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун даҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Нуҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон боздошти шаҳрвандон ва вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ намедиҳанд.