Боздошти боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Боздошту ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия пас аз ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл" афзудааст

Мақомоти Русия боз як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Далерҷон Очилов дар Боздоштгоҳи муваққатист.

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Новосибирск Очиловро расман ба авбошӣ ва дурӯғпароканӣ дар бораи ҷанг муттаҳам кард.

Саҳифаи "Сирена" дар Телеграм навишт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон "барои суханони қабеҳ, таҳқири занони рус ва маҳкум кардани қарори ҳукумати Русия ва Владимир Путин" муттаҳам шудааст.

Далерҷон Очилов соли 2012 ба Русия рафта, соли 2021 иҷозаи иқомат гирифтааст.

Ба иттилои "Сирена", ӯ дар моҳи феврали имсол барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуҷҷат пешниҳод карда буд.

Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз боздошт ғайриқонунӣ маводи ғизоӣ мефурӯхт. Мавқеи худаш ва ё наздиконаш ба қазия маълум нест.

Боздошту ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия пас аз ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл" афзудааст. Дар ин ҳодиса дар шаби 22-юми марти имсол беш аз 140 нафар кушта шуда, беш аз 500 кас осеб дидаанд.

Мақомоти Русия ба гумони даст доштан дар ҳамла даҳ нафарро ба ҳабс гирифтанд. Нуҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд, як нафар аз Қирғизистон.