Шаш қазоқистонӣ имсол ба рӯйхати нави шахсони сарватмандтарини дунё, ки ҳар сол аз сӯйи маҷаллаи амрикоии "Forbes" таҳия мешавад, шомил шудаанд.
Дороии чаҳор нафари онҳо дар соли гузашта афзудааст. Дар миёнашон, аз ҷумла духтар ва домоди президенти пешини Қазоқистон Динора ва Тимур Кулибоевҳо низ ҳастанд.
Ба ҳисоби "Forbes", дороии Кулибоевҳо 10 миллиард долларро ташкил медиҳад. Онҳо имсол дар рӯйхат дар ҷойи 612-ум ҳастанд.
Ба гуфтаи нозирон, бо вуҷуди он ки наздикони Назарбоев баъд аз ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон аз мансабҳои баланди давлатӣ ронда шуданд, дороии худро тақрибан якуним миллиард доллар бештар кардаанд.
Маҷалла дороии онҳоро дар соли гузашта 8,6 миллиард доллар ҳисоб карда буд.
Тимур Кулибоеви 57-сола ва Динора Кулибоеваи 56-сола бузургтарин бонкро дар Қазоқистон идора мекунанд. Бонки мардумии Қазоқистон дороии калонтарини онҳо ба шумор меравад.