Дар як садама дар Қазоқистон 8 узбекистонӣ ҷон бохтааст

Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон 8 шаҳрванди Узбекистон ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса 3-юми апрел дар шоҳроҳи "Самара - Чимкент", дар ҳудуди деҳаи Марҷонбулоқи вилояти Оқтеппа рух додааст.

Ба иттилои пулис, мошини боркаши "Volvo" бо мошини "Toyota-Аlhpard", ки дар дохилаш шаҳрвандони Узбекистон буданд, бархӯрдааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, чархи мошини боркаш дарида, дар натиҷа ронанда идораи нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобил баромадааст.

Барои интиқоли ҷасади шаҳрвандони Узбекистон ба ватан бо фармони раисҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев кумисюн ташкил шудааст.