Ин дар ҳолест, ки падараш Исроил Исломов дар охири моҳи март нибат ба қарори додгоҳ шикоят бурда буд, вале ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ додгоҳ шикояташро бетағйир гузошт.
Хабаргузории расмии "РИА Новости" ва “Известия” бо такя ба хабари додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав навиштанд, ки додгоҳ рӯзи 3-юми апрел шикояти Диловар Исломовро дарёфт кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав онҳоро рӯзи 25-уми март ба иттиҳоми "амали террористӣ" ду моҳ ба ҳабс гирифта буд.
Диловар Исломов, фарзанди Исроил Исломов, соҳиби мошине гуфта мешавад, ки ҳамлаварон истифода кардаанд.
Исломовҳо иттиҳомро напазируфта, иддао доранд, ки аз ҳамлаи террористӣ дар толори мусиқӣ хабар надоштанд.
Тафтишот мегӯяд, падар ва ду бародар узви гурӯҳи ҷиноӣ буда, ба ҳамлаварон мадад расондаанд.