Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки кормандони ин ниҳод якҷоя бо маъмурони Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар сокини Навоӣ А.К.-ро ҳангоми гирифтани 20 ҳазор доллар аз шаҳрванд Б.Б. дастгир карданд.
Ба иттилои додситонӣ, боздоштшуда ба Б.Б. ваъда додааст, ки ӯро бар ивази ин маблағ барои кор ба Амрико мефиристад.
Дар натиҷаи як амалиёт дар шаҳри Навоӣ сокини маҳаллӣ С.Т. низ бо иттиҳоми ҳамсон ҳангоми гирифтани 14 ҳазор доллар аз шаҳрванд М.Ш. боздошт шудааст. Ба зидди боздоштшудаҳо бо гумони қаллобӣ ва додани ришва парванда боз кардаанд.
Пештар расонаҳо навиштанд, 74 шаҳрванди Узбекистон, ки тариқи Мексика ба Амрико ғайриқонунӣ рафта буданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Пештар расонаҳо навишта буданд, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр карда буд.