Ҷияни Назарбоев иттиҳоми "пулшӯӣ"-ро ба уҳда гирифт

Кайрат Сатибалдӣ

Кайрат Сатибалдӣ, ҷияни раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иттиҳоми "пулшӯӣ" ё қонунигардонии даромадҳои ғайриқонуниро ба дӯш гирифтааст.

Баррасии парвандаи Сатибалдиро додгоҳи шаҳри Остона 1-уми апрел шуруъ кард.

Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Қазоқистон иттилоъ дод, ки Кайрат Сатибалдӣ баъд аз қироати айбнома дар посух ба суоли додситон иқрор кардааст, ки даст ба пулшӯӣ зада буд.

Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон Кайрат Сатибалдиро дар моҳи сентябри соли гузашта 6 сол зиндонӣ кард. Вай барои азхудкунии 12,7 миллиард тангаи "Қазоқтелеком" ва 28,6 миллиард тангаи "Маркази хадамоти нақлиёт"-и Қазоқистон айбдор мешуд.

Хадамоти мубориза ба зидди фасоди Қазоқистон 13-уми марти соли 2022 Кайрат Сатибалдиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Он замон гуфта мешуд, ки Сатибалдии 51-сола ба "суистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" айбдор мешавад.

Қаблан расонаҳо Сатибалдиро ягона муассиси ширкати офшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сатибалдиро 163 миллион доллар арзёбӣ карда, ӯро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид намуда буд.