Путин ҳамларо ба "Крокус" кори исломгароён номид

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, ки ҳамлаи хунин дар канори Маскав кори дасти ифротгароёни исломӣ буд. Ӯ ҳамзамон афзуд, ҳамла бахше аз маъракаи васеи таҳдид аз тарафи Украина аст. Украина ҳаргуна даст доштанро дар тирандозӣ рад кардааст.