Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нависанда тақрибан ду ҳафта боз аз беморӣ ранҷ мекашид. Маросими видоъ рӯзи 27-уми март баргузор хоҳад шуд.
Муҳиддин Хоҷазод (Муҳиддин Хоҷаев) соли 2020 ҳамроҳи чанд узви оилааш ба бемории ҳамагири COVID-19 гирифтор шуда буд. Дар ин ҳодиса ҳамсару келинашро аз даст дод.
Худаш дар пайи табобати дарозмуддат шифо ёфт, аммо ба нақли пайвандон таъсири беморӣ ба узвҳои дигараш осеби ҷиддӣ расонд.
Муҳиддин Хоҷазод дар моҳи ноябри соли 1938 дар Ставрополи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба онҷо бадарға карда буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Душмани халқ". Чӣ қадар аз тоҷиконро куштанд, зиндонӣ ва бадарға карданд? ВИДЕОСолҳои Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ва шаш моҳи асоратро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашт ва сипас ба Самарқанд кӯчид. Дертар боз ба Тоҷикистон баргашту ба кораш идома дод.
“Нони ҳалол”, “Нишони муҳаббат”, “Об – рӯшноӣ” ва “Кӯҳ бе варта нест” аз ҷумлаи осори ӯст.
Аз соли 1965 узви Иттиҳоди адибон ва аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Адиби шинохтаи тоҷик дар Хуҷанд даргузашт