Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, бо маҳкум кардани ҳамла гуфт, боздошти тоҷикон дар пайванд ба ин ҳодиса сабаби озору азияти муҳоҷирони корӣ дар Русия мегардад.
"Он шахсонеро, ки боздошт карданд, шаклан, ҷисман ба террорист монанд набуданд. Онҳо ба зархарид монанд буданд, яъне дар амалҳои ночизи дигар ҳамроҳ буданд. Шояд намедонистанд, ки он ҷо одамон парронда мешаванд," -- гуфт ӯ рӯзи 25-уми март.
Чанд таҳлилгари тоҷик гуфтанд, ки суолҳо дар бораи замону ҳадафҳои дарозмуддати ин амали террористии мудҳиш дар Русия зиёд аст.
"Чаро маҳз имрӯз, чаро маҳз пас аз дигарбора интихоб шудани Путин ин ҳодиса рух дод? Ҳадаф аз ин амали террористӣ чӣ буд? Дар оянда хоҳем дид, ки аз ҳамин амал кӣ бештар баҳра мегирад. Ин ҳодисаро кӣ ба манфиати худ бештар истифода мебарад. Ва танҳо баъди он метавонем хулоса барорем, ки ин кори дасти кист," – гуфт Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.
Дар ин миён сокинони оддии Тоҷикистон, ки бисёре аз онҳо як азизе дар Русия доранд, ваҳшатзада ва мушаввашхотир шудаанд.
- "Ҳамин ҳодисаро дидам, ҳуш аз сарам рафт. Фарзандонам дар онҷо ҳастанд, дар ҳайрат мондем. Ин чӣ хел тоҷикҳое будаанд, бефаросат, бетарбия, бетаълим. Худо ҳамин хел фарзандро ҳеч гоҳ надиҳад. Фарзанде, ки рафта як одами бегуноҳро бикушад."
- "Сабаби асосӣ ҳамин аст, ки тарбияи хуб надоранд, аз таҳти назорати падару модар дуранд. Синфи 10-ро тамом мекунанд, аз артиш гурезонда, ба Русия мефиристанд. Мераванд ва дасти ҳар хел гурӯҳҳои нодуруст меғалтанд."
- "Хулоса, беҳад зиққем. Аз пушти чанд кас миллат бадном нашавад. Раванду аз пайи кору бор шаванд. Агар ягон тафтише мешавад, барои бехатарии ҳам муҳоҷирон мешавад, ҳам шаҳрвандҳои Русия, ки дубора ин корҳо такрор наёбанд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Русия зиёда аз як милллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва ҳоло ангушти ишораи матбуоти Русия ба ин қишри мардум равона шудааст. Аз ҳоло гузоришҳо дар бораи озору азияти ин муҳоҷирон ва аз кор рондани онҳо зиёд мерасад.
Ин танҳо ҳамла ба "Крокус" нест, ки номи тоҷикон ба он печидааст. Дар як соли охир дар ҳодисаҳое дар Афғонистон, Эрон, Фаронсаву Олмон исми тоҷикон дар пайванд ба ҳодисаҳои террористӣ расонаӣ шуд.
Мақомоти тоҷик садҳо нафарро бо гумони узвият дар созмонҳои тундгаро ҷустуҷӯ мекунанд ва ҳар сол чандин нафар ба гумони ифротгароӣ ва ё терроризм дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ мешаванд.