Фаридуни Шамсиддин, як гумонбари ҳамла ба "Крокус" кист?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 25 март пайвандони Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар Маскавро барои бозпурсӣ бурдаанд. Фаридуни Шамсиддин 25-сола ва аз деҳаи Лойоби Ҳисор аст. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24 март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт.