Медалро ба наврас раиси Идораи мусулмонони Русия Равил Гайнуддин 29 март дар намози ҷумъа тақдим мекунад.
Хонаводаи Ислом Халилов зодаи Қирғизистон ҳастанд. Ӯ 22 март, рӯзи ҳамла дар "Крокус Сити Холл" кор мекард. Ба гуфтаи наврас, баъди шуруи тирпаронӣ, вай тибқи қоида амал карда, тавонистааст ҳамаи дарҳоро боз ва ба интиқоли одамони зиёд ба ҷойҳои бехавф мусоидат кунад.
Рэпсаро Моргенштерн дар як баромади худаш гуфт, ба хонаводаи ин наврас як миллион рубл фиристодааст.
Ҳамла ба толори “Крокус Сити Холл”-ро мудҳиштарин ҳодисаи террористӣ дар Русия дар ду даҳсолаи ахир мегӯянд. Аз ин пеш соли 2004 ба ҳангоми ҳамла ба мактаби Беслан дар Русия 330 нафар кушта шуд.
Мақомот дар Русия мегӯянд, дар ҳамлаи шоми 22 март ба толори консертӣ то ҳол 137 нафар нафар куштаву беш аз 180 кас маҷрӯҳ шудааст. Омори қурбониҳо метавонад афзоиш ёбад. Ҷустуҷӯи ҷасадҳо зери овори бино идома дорад.
Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" бар зимма гирифтааст.