Сафорати Русия дар Тоҷикистон сокинони шаҳри Душанберо барои «ҳамраъйӣ бо раҳбарият ва мардуми Русия дар робита бо ҳамлаи террористӣ ба "Крокус сити ҳол" қадрдонӣ намуд.
Дар ин бора хабаргузории расмии ТАСС менависад. Сафорат гуфтааст, ки дар чанд соат бисёр «ҳамкору дӯстони тоҷики мо дар тамос шуда дар робита бо ҳамали мудҳиши террористӣ ҳамдардӣ баён карданд».
Хабарнигори ТАСС менависад, нафарони зиёд барои изҳори ҳамдардӣ ба назди сафорати Русия дар Душанбе мераванд. Инчунин ба консулгарии Русия дар Хуҷанд мардуми зиёд, аз ҷумла Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд ҳам рафтаанд.
Дар ҳамлаи террористии Маскав шоми 22 март 133 нафар кушта ва 120 кас захмӣ шудааст. Масъулияти ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт.