Толибони Афғонистон ҳамлаи рӯзи 22 март ба толори консертии Маскавро, ки бар асари он дастикам 115 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум карданд.
Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар саҳифааш дар Х навишт, вазорати умури хориҷаи Толибони Афғонистон "ҳамлаи террористии ахири Маскавро, ки ДОИШ ба ӯҳда гирифтааст, ба таври шадид маҳкум мекунад ва онро нақзи дағалонаи тамоми меъёрҳои башарӣ медонад".
ДОИШ дар Афғонистон пас аз бозгашти Толибон дар соли 2021 ба қудрат зуд-зуд ҳамлаҳо анҷом додааст. Охирин ҳамлааш рӯзи 21 март дар назди як бонк дар Қандаҳор 19 нафарро кушта бар ҷой гузошт.