Вайронгариҳои сел дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боронҳои ду рӯзи охир сабаби омадани сел дар Хатлон ва ноҳияҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон шудааст. Бино ба наворҳои фиристодаи корбарон ба Радиои Озодӣ, сел роҳ, пул ва ҳавливу заминҳои киштро дар чанд минтақа, аз ҷумла ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Ҳисору Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдат вайрон кардааст.