Бино ба наворҳои фиристодаи корбарон ба Радиои Озодӣ, сел роҳ, пул ва ҳавливу заминҳои киштро дар чанд минтақа, аз ҷумла ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Ҳисору Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдат вайрон кардааст.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 22-юми март тасдиқ карданд, ки “сел тақрибан ба 15 ҳавлӣ ва як Корхонаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зарар расонд. Бинои як дидбонгоҳи Хадамоти давлатии оташнишониро дар ноҳияи Темурмалик вайрон кард.”
Мақомот гуфтанд, дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нарасидааст, аммо бист хонаводаро дар шаҳри Ваҳдат, бист оиларо дар ноҳияи Хуросон ва панҷоҳ нафарро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷойи амн кӯчонданд, то аз хатар эмин бошанд.
Ҳанӯз зиёни расида аз сел муайян нашудааст.
Ҳавои номусоид дар Тоҷикистон то рӯзи 27-уми март мемонад. Дар ин муддат хатари фаромадани тарма низ ҳаст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон ҳар сол дар айёми баҳор шоҳиди омадани сел мешавад. Ҳар дафъа хонаву роҳҳо вайрон мегарданд ва бархе ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ба иттилои расмӣ, дар сӣ соли охир, селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар зиёда аз 2 миллиард доллар зарар расондааст.