"Аз ғайб гап мезаданд." Боздошти 5 кас ба иттиҳоми фолбинӣ дар Хатлон

Акс аз бойгонь.

Панҷ нафарро дар вилояти дар Хатлон ба иттиҳоми фолбинӣ дастгир кардаанд.

Мақомот гуфтанд, онҳо ба корафтодагон гуё "аз ғайб ҳарф зада, ваъдаи ҳал шудани мушкилро медоданд".

Манбаъ аз ин афрод Раҳим Ибрагимов, сокини ноҳияи Кӯшониён, маъруф ба "Домулло Абдураҳим"; Наргис Қурбонова ва Идимоҳ Назарова, сокинони шаҳри Левакант ва Холдан Кӯчакова аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва Наргис Ғоибназарова аз ноҳияи Фархор ном бурдааст.

Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон мегӯяд, онҳоро дар пайи як "амалиёти санҷишӣ" боздошт кард ва аз хонаҳояшон "як қатор ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашаванда мусодира карда шуд".

Дар ҳоли ҳозир назари гумонбарон ва наздикони онҳо ба иттиҳоми мақомот маълум нест.

Ба онҳо пардохти аз 3600 то 4320 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Фолбинӣ дар Тоҷикистон манъ аст, вале чораҳои мақомот ҷодугариву фолкушоиро аз байн набурдааст.

Навор аз бойгонӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

ПУРСИШ: Чаро мардум назди фолбинҳо мераванд? ВИДЕО