Дар ин бора раҳбари созмони ҳуқуқи башари "Эзгулик" дар Тошканд Абдураҳмон Ташанов хабар дод.
Тибқи парванда, Шайдуллоева дар моҳи сентябри соли 2023 видеои мулоқоти президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро бо Тоҳир Юлдош, ки соли 1991 бинои ҳукумати вилояти Намангонро ғасб карда буд, ба телефони падараш фиристодааст.
Ин видео дар Интернет 10 сол пеш нашр шуда, то ҳол дастрас аст.
Тавре дар айбнома омадааст, ин навор тибқи хулосаи санҷиши додгоҳӣ ва диншиносӣ дар Узбекистон "экстремистӣ" эълом шуда, паҳн кардани он ҳамчун "ҳамла ба сохти конститутсионии давлат" арзёбӣ мешавад.
Тоҳир Юлдош, раҳбари пешинаи Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди сарнагун кардани Каримов ва таъсиси давлати исломиро дар он кишвар дошт, соли 2009 дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабоилнишини Покистон кушта шуд.