Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон соати ҳашти субҳи 20-уми март фаро расид ва дар ҳамин вақт шабурӯз баробар шуд.
Ин шарҳи илмии ворид шудани Наврӯз ба Тоҷикистон аст.
Вале бар асоси тақвими расмӣ ҷашни Наврӯз аз 21-уми март оғоз мешавад ва то 26-уми март идома хоҳад дошт.
Имсол бо сабаби номусоидии ҳаво таҷлили расмии Наврӯз дар Душанбе барои як рӯз ба таъхир уфтод. Тантанаҳои асосии наврӯзӣ рӯзҳои 23-24-уми март баргузор мешаванд.