Ин нуктаро Остин дар ҷаласаи навбатии Гуруҳи тамос бораи дифои Украина, ки бо иштироки намояндагони беш аз 50 кишвар дар пойгоҳи амрикоии Рамштайн дар Олмон баргузор шуд, баён дошт.
"ИМА, эътилоф ва ҷаҳони озод ба шикасти Украина иҷозат нахоҳанд дод", - иқтибос овардааст "Садои Амрико" аз суханони вазири дифои ИМА.
Остин афзуда, ки артиши Украина "дар шароити сахт қарор дорад ва ҷанги шадидеро пеш мебарад". Як мақоми низомии Амрико бидуни бурдани номаш қабл аз ҷаласа ба рӯзноманигорон гуфтааст, "Украина ба далели интиқоли силоҳ аз Эрону Куриёи Шимолӣ ба Русия аз лиҳози оташфишонӣ дар майдони ҷанг ақиб мондааст".
Вазири дифои ИМА низ аз вазъи кунунии ҷанг нигаронӣ карда, гуфтааст, "бақои Украина ва ҳамчунин амнияти Амрико дар хатар аст".
Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти масъалаҳое, ки 19 март дар Рамштайнбаррасӣ шуданд, дақиқ маълум нест.