Вазорати дифои Узбекистон рӯзи 18-уми март бо нашри изҳороте хабари сарнагун кардани чархболи низомиро дар марзи ин кишвар бо Афғонистон рад кард.
Сиёсатшиноси рус Андрей Серенко дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод, ки як чархболи низомии вобаста ба гурӯҳи “Толибон” дар сарҳади Афғонистон бо Узбекистон сарнагун карда шудааст.
"Бино ба маълумоти дарёфтӣ, чархбол аз Мазори Шариф ба Бадахшони Афғонистон парвоз мекард. Он чӣ гуна ба ҳарими ҳавоии Узбекистон ворид шудааст, маълум нест. Дар дохили чархбол беш аз 15 кас ҳузур дошт", - навишт Серенко.
Сиёсатшинос дертар навишт, ки намояндагони “Толибон” бо ӯ тамос гирифта, гуфтаанд, хабари сарнагун шудани чархболи низомии онҳо дар марз бо Узбекистон дурӯғ аст.