"Демаркатсия дар мавриди Ҷумҳурии Арманистон дар умум ва дақиқан чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки мо бояд пайдо кунем, Ҷумҳурии Арманистон аз куҷо оғоз мешавад. Ҳамаи мо медонем, шумо ҳам аз ман хубтар медонед, ки он аз куҷо оғоз ва дар куҷо ба поён мерасад", - иқтибос овардааст бахши арманистонии Радиои Озодӣ аз суханони Пашинян.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Арманистон тасмим гирифтаанд, ки барои "пешгирӣ аз ҷанг" аломатгузории хати марзи давлатиро оғоз кунанд.
Никол Пашинян афзуда, ки кумисюнҳои махсус бояд бираванд ва тасмим гиранд, ки Арманистон аз куҷо оғоз мешавад ва онро хати марзи давлатӣ хоҳанд номид.
Ҳамсуҳбатони радио гуфтаанд, сарвазири Арманистон ба суолҳое, ки сокинони наздимарзиро нигарон мекунад, посухи дақиқ надод, аммо гуфтааст, ҳамаи нигарониҳо ба инобат гирифта мешаванд.