Ба иттилои созмондиҳандагони ҳамоиш, ҳадаф таҳким ва ҳамгироии иқтисодӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба фанновариҳои ҷадид ва рушди тиҷорати байналмилалӣ дар кишварҳои минтақа аст.
Аз Тоҷикистон дар форуми тиҷоратии B5+1,( Business 5+1), ки 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико шомили он аст, муовини вазири рушди иқтисод ва Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат намудаанд.
Даниел Розенблюм, сафири ИМА дар Қазоқистон, ташкили ҳамоишро оғози як “қори дарозмуддат”-и Амрико барои таъмини фазои мусоиди соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ номидааст.
Бино ба навиштаи Eurasianet.org Николас Берлинер, ёвари вижаи президенти Амрико, Ҷо Байден ва раҳбари Шӯрои Амнияти Миллӣ оид ба масоили Русия ва Осиёи Марказӣ дар ин ҳамоиш бо таваҷҷӯҳ ба нооромиҳое, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, минтақаро фаро гирифтааст, таъкид кард, ки ҳар "Тағйирот бо худ имкониятҳоро меорад."
Дипломатҳои амрикоӣ ва созмондиҳандагони ҳамоиши B5+1 гуфтанд, медонанд, ки пеши роҳи ин иқдом монеаҳое хоҳад буд. Ба таъкиди онҳо, "кишварҳои Осиёи Марказӣ, сиёсати худкома ва анъанавӣ доранд, ки барои бахши хусусӣ ва ворид кардани тағйироте дар ин самт, маҳдудият эҷод мекунад."
Таҳлилгарон мегӯянд, рафтори ҷангҷӯёнаи Русия ва ҳушдор аз афзоиши нуфузи иқтисодии Чин, майли раҳбарони Осиёи Марказиро барои вуруд ба барномаи B5+1 бештар кардааст. Дар ҳамоиш ҳайатҳои баландпояи давлатӣ аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркманистон, ширкат кардаанд, ки ин ба бовари онҳо, далели он аст, ки ҳукуматҳои минтақа ба тарҳи B5+1 таваҷҷӯҳ доранд.
Тавофуқ барои ташкили анҷуман ё форуми тиҷоратии B5+1 дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар чаҳорчуби С5+1 ҳосил шуда буд. Ин нишаст моҳи сентябри соли 2023 дар Амрико гузашт. Ҳадаф аз таъсиси ҳамоиши иловагии B5+1 - ро таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА меноманд. Дар сурати ба даст омадани натиҷа аз нахустин ҳамоиши B5+1 Амрико сармоягузориро ба кишварҳои минтақа бештар хоҳад кард.