Нахустин қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Чукотка ва Камчатка соати 23:00 дақиқаи рӯзи 14 март бо вақти Маскав кушода шуданд.
Раъйдиҳии пеш аз муҳлат ҳанӯз 25-уми феврал оғоз шуда буд. Дар он ба иттилои Элла Памфилова, раиси Комисияи марказии интихоботии Русия 2,3 млн кас иштирок кардааст. Дар маҷмуъ Комисияи интихоботӣ беш аз 112 млн интихобкунандаро дар дохил ва хориҷ аз Русия сабт кардааст.
Интихоботи президентии Русия ҳамчунин дар Қрими ғасбшуда ва ҳудудҳои дигари ғасбшудаи Украина - вилоятҳои Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон баргузор мешавад.
Дар баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия чаҳор номзад сабт шудааст: президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин (номзади худпешбар), Владислав Даванков (ҳизби "Одамони нав"), Леонид Слутский (ЛДПР) ва Николай Харитонов (Ҳизби коммунисти Русия).
Мухолифони Русия аз шаҳрвандон даъват карданд, ки ба ҷонибдорӣ аз дилхоҳ номзад, ба ҷуз аз Путин, раъй диҳанд. Мухолифон ҳамчунин маъракаи "Нимрӯз зидди Путин"-ро ҳам эълом кардаанд, ки аз ҳозир шудан ба қитъаҳои раъйдиҳӣ соати 12 рӯзи якшанбе иборат аст. Дар ин маърака аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки баргаҳои раъйро хароб кунанд ва ё ба ҷонидроӣ аз дилхоҳ номзад, ба ҷуз аз "номзади асосӣ" раъй диҳанд. Додстонии Маскав рӯзи 14 март ҳушдор дод, ки барои иштирок дар маъракаи "Нимрӯз зидди Путин" ҷавобгарии ҷиноӣ мавҷуд аст.
Путин аз соли 2000 сари қудрат аст. Вай ду бор дар солҳои 2000-ум: соли 2000 ва 2004 президент интихоб шуда буд. Он замон муҳлати президентӣ дар Русия 4 солро ташкил медод. Соли 2008 Путин сарвазир ва Дмитрий Медведев президент шуд.
Соли 2012 Путин ба даври севуми президентӣ рафт ва он замон аллакай муҳлати президентӣ 7 сол шуда буд. Соли 2018 бори чаҳорум Путин президент интихоб шуд. Тобистони соли 2020 Конститутсияи Русияро тағйир ва ба ин тартиб ба Путин иҷоза доданд, ки ду даври дигари 7-сола президент шавад.