Ному насаби ӯро нагуфтанд. Мавқеи худаш ва ё наздиконаш ба қазия низ маълум нест.
Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ашт рӯзи 9-уми феврали имсол содир шуд. Радиои Озодӣ нусхаи онро 12-уми март дид.
Бар асоси он, ҳодиса ҳангоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон дар соли 2023 рӯй додааст. Сардори мизи ҳарбиро зиёда аз 62 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Вай, инчунин, як сол аз ҳаққи гирифтани мансаб дар бахши низомӣ маҳрум гардид.
Дар Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ давоми чор моҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш мебаранд. Солҳои охир мақомот аз афзоиши сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд. Сокинон аз даъвати иҷборӣ хабар медиҳанд.
Як сабаби асосии сарпечии ҷавонон аз хидматро баъзе аз сокинону ҳомиёни ҳуқуқ ба бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки гоҳе бо маргу маъюб шудани онҳо меанҷомад.