Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 март бо ҳайати ҳукумати Узбекистон ба раҳбарии сарвазир Абдулло Орипов дар Душанбе мулоқот кард.
Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шудаанд.
"Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 миллион доллари амрикоӣ расида буд, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ба маротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти матбуотии президент.
Абдулло Орипов барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омадааст.