Раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Хайрулло Бозоров қарори худро аз 29-уми январ дар бораи додани як кӯл ба ширкати хусусии "Unays building" бекор кард.
Ширкат 24 рӯз қабл аз содир шудани қарор таъсис дода шудааст.
Кӯл, ки масоҳати он ду гектарро ташкил медод, барои сохтмони бинои баландошёна, меҳмонхона, тарабхона ва маҷмааи савдо ҷудо шуда буд.
Ин қарори Бозоров сабаби эътирози сокинон шуд. Мардум гуфтанд, кӯл ягона ҷойи истироҳати ҷавонон ва машғул шудани онҳо бо варзишҳои обӣ дар вилоят аст.
Оҷонси идораи амволи давлатии Узбекистон дар пайи норозигии сокинон ба ҳукумати вилояти Фарғона дастур додааст, ки қарори додани кӯл ба ширкати хусусӣ бекор карда шавад.
Ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон аз Додситонии кулли ин кишвар хостааст, ба қазия баҳои ҳуқуқӣ диҳад.