Туркия гуфт, омода аст бо ҳадафи хатми ҷанги Русия ва Украина як ҳамоишеро барпо кунад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа, 8 март президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон баъди музокирот бо президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод.
Дар як нишасти матбуотие, ки баъди мулоқоти ду раҳбар барпо шуд, Эрдуғон гуфт, Анкара аз тамомияти арзии Украина ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ гуфт, дар мулоқот бо Зеленский ҷузъиёти вобаста ба ҷанги идомаёбанда ва ҳам амнияти ҳаракати киштиҳо дар обҳои Баҳри Сиёҳ, инчунин барномаи бекоршудаи содироти гандум баррасӣ гардид.
Эрдуғон гуфт, Туркия омода аст дар барқарорсозии баъдиҷангии Украина ёрӣ расонад.