Хрушёв, тоҷикон ва "доварӣ"-и ӯ дар баҳс бо Узбекистон

Никита Хрушев

Дар тайи қариб 75 соли соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ наздик ба ним аср онро се нафар идора карданд – Сталин, Хрушёв ва Брежнев.

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Сталин ба вазифаи Котиби генералии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1922 интихоб шуд ва якуним даҳа бо рақибони сиёсии худ муборизаи беамон бурд, то зимоми қудратро аз даст надиҳад. Хрушёв 11 сол ва Брежнев 18 сол Шӯравиро идора карданд.

Ба назар мерасад, аз миёни тамоми раҳбарони Шӯравии собиқ маҳз ҳамин се нафар ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёдтар нишон додаанд, лекин роҳбарони боқимонда ҳангоми кор ба ҷумҳурии мо ё ба таври лозим диққат надоданд ва ё онро муҳим намешумориданд.

Нуктае, ки мехоҳем инҷо зикр кунем, муносибати Сталин, Хрушев ва Брежнев ба Тоҷикистон ва ба роҳбарони он аст. Дар замони ҳукмронии Сталин аксар сарварони ҷумҳурӣ, ки то соли 1937 ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст доштанд, дучори “репрессия” ё таъқиб гардида, ҳукми қатл гирифтанд.

Раҳбари Шӯравӣ Леонид Брежнев (дар пеш аз аз рост) ва раҳбари Тоҷикистон Ҷаббор Расулов (Cоли 1973)

Дар даврони Брежнев, маъмулан, вақте аъзои баландпояи номенклатураро аз мансаб барканор мекарданд, ба ӯ ё вазифаи пасттар медоданд ё ба хориҷа ҳамчун сафир мефиристоданд. Дар аҳди Брежнев роҳбарии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Ҷаббор Расулов буд, ки се сол пеш аз Леонид Илич ба ин курсӣ нишаст ва ҳамагӣ ним сол қабл аз ӯ дунёро дар баҳори соли 1982 падруд гуфт.

Ҳамин тавр, Ҷаббор Расулов зиёда аз 20 сол дар вазифаи Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон кор кард. Аммо дар давраи ҳукмронии Хрушёв ду роҳбари тоҷик, ки шояд бештар аз ҳамтоёни дигари худ барои рушди ҷумҳурӣ хидмат карда буданд, аз вазифа барканор гардида, ба мансабҳои пасттар таъйин шуданд.

Нахуст дар соли 1956 Бобоҷон Ғафуров аз вазифаи котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон сабукдӯш гардид, сипас, баъд аз панҷ сол Турсунбой Ӯлҷабоев низ аз вазифа сабукдӯш ва аз Ҳизби коммунист ронда шуд.

БАҲСҲО ДАР АТРОФИ ПАХТА

Ҳеч ҷойи шак нест, ки маҳз дар даврони ҳукмронии Хрушёв ва Брежнев дар Тоҷикистон корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта шуданд, аммо дар айни ҳол, ҷумҳурии мо, ки ҳамагӣ 7 дарсад ҳамворӣ дорад, ба майдони бузурги пахтакорӣ табдил ёфт. Пахта ашёи муҳими стратегӣ ба шумор мерафт, бинобар ин, Сталин Вазорати пахтакорӣ таъсис дода, соли 1950 роҳбарии онро ба зимаи Усмон Юсуп(ф)ов (собиқ котиби аввали КМ ҲК Узбекистон ва раиси Совети вазирони ин ҷумҳурӣ) гузошт.

Хрушев баъди ба сари қудрат расидан раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон Ҷаббор Расуловро ба вазифаи муовини вазири пахтакории ИҶШС таъин кард, зеро ҷумҳурии мо дар солҳои 50-ум дар ин соҳа ба комёбиҳои бузург ноил гардида буд.

Нипайкараи Усмон Юсупов

Азбаски Хрушёв ба рушди хоҷагии қишлоқ таваҷҷуҳи зиёд медод, дар тайи 11 соли роҳбарӣ чанд маҷлису машварат баргузор карда, шахсан худаш дар бораи рушди соҳаи пахтакорӣ маърӯзаҳо мехонд.

Илова бар ин, Хрушёв чанд дафъа ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ду бор ба Тоҷикистон омада, бо вазъи соҳаи мазкур аз наздик шинос шудааст. Сабаби сафари якуми Хрушёв ба Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1954 баҳсе гардид, ки миёни роҳбарияти ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди усулҳои шинондани пахта дар ибтидои солҳои 50-ум ба миён омад. Муҳтавои баҳс аз он иборат буд, ки пахтакорони тоҷик усули наверо таҷриба карданд, ки бороварии бештар дошт.

Аммо вазири пахтакории ИҶШС Усмон Юсуп(ф)ов усули навро эътироф кардан намехост ва талаб мекард, ки ба таҷрибаи мавҷуда такя карда шавад. Ин баҳс замоне дар расонаҳо ба таври густурда инъикос ёфт, ки Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар анҷумани 19-уми ҳизб, охирин анҷумане, ки дар он Сталин ширкат дошт, Юсуп(ф)овро сахт танқид кард.

“Рафиқ Юсупов кормандони Вазорати кишоварзии ҷумҳуриро, ки ду рӯз роҳбари худро мунтазир шуда буданд, вақти қабул кардан пайдо накард ва ба онҳо супориш дод, ки ҳамроҳаш ба Тошканд раванд,” -- иброз доштааст Бобоҷон Ғафуров ҳангоми суханронӣ (Рӯзномаи “Правда”. 9-уми октябри соли 1952).

ДОВАРИИ ХРУШЁВ

Барои нуқтаи таммат гузоштан ба ин баҳс, Хрушёв тасмим гирифтааст, ки шахсан ба Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон биояд. Назаршоҳ Додхудоев дар китоби хотироти худ менависад: азбаски ин сафари корӣ буд, Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифт, Хрушёвро дар фурудгоҳ ҳамроҳи гурӯҳи хурди масъулони ҷумҳурӣ пешвоз гирад.

Чунин муносибат ба Хрушёв маъқул нашудааст, зеро дар як соли дар қудрат будан ба таърифу тавсиф ва хушомадгӯӣ одат карда буд. Аз ин рӯ, дар фурудгоҳи Сталинобод камтар аз 10 пешвогзгирандаро дида, табъаш хира шудааст. Аммо кор аз кор гузашта буд. Роҳбарияти ҷумҳурӣ Хрушёвро аз фурудгоҳ рост ба шаҳри ҳозираи Ваҳдат бурда, бо кори пахтакорон шинос карданд. Рӯзи дигар ӯро ба водии Вахш бурданд ва дар онҷо низ Хрушёв бо усули нави пахтакорони тоҷик шинос гардида, ба онҳо баҳои баланд додааст.

Сипас, Хрушев ба Тошканд рафта, 17-20-уми ноябр дар Машварати кормандони соҳаи пахтакории ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ширкат кард ва ҳангоми суханронии худ таҷрибаи пахтакорони тоҷикро бисёр ситоиш намуд. Ӯ гуфтааст, то ин вақт ӯ ба исрори тоҷикон шубҳа мекард, зеро гумон дошт, кам будани масофаи байни қаторҳо ба истифодаи техника ҳангоми ҷаъмоварии ҳосили пахта халал мерасонад.

“Аммо Бобоҷон Ғафуров маро ба совхози ба номи Кӯйбишеви Вахш бурд ва ман дар онҷо дидам, ки тоҷикон аз ӯҳдаи ин кор нағз баромадаанд, майдони киштро аз ду тараф – аз қаду бар коркард кардаанд, бинобар ин, таҷрибаи колхозу совхозҳои Тоҷикистон, ки пахтаро бо усули байни қаторҳояш камбар мерӯёнанд, сазовори диққати бузург аст,” - изҳор доштааст Хрушев.

Дастоварди пахтакорони тоҷик ба зеҳни Хрушёв таъсир мекунад ва аз ин рӯ борҳо навоварии онҳоро барои ҷумҳуриҳои дигар мисол овардааст. Дар ин машварат Хрушёв вазири соҳаи пахтакории ИҶШС Юсуп(ф)овро шадидан танқид карда, мегӯяд, гап дар офтоби Тоҷикистон нест, балки дар ақлу фаҳм ва дар чораҳои андешидаи роҳбарони тоҷик аст.

“Ман рафиқ Юсуповро ҳурмат мекунам ва ҳурмат хоҳам кард, аммо ба шарте ки ӯ худро аз нав созад, вале ҳозир рафиқ Юсупов ботинан худро аз нав насохтааст ва ҳанӯз ҳам якравӣ мекунад, ба гуфтаи пештараи худ сахт истодааст,” -- мегӯяд Хрушёв. (Китоби “Маҷлиси машваратии коркунони соҳаи пахтакории республикаҳои Осиёи Миёна, Қафқоз, РСС Қазоқистон дар Тошканд, 17-20-уми ноябри соли 1954”. Сталинобод. Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1955, с. 238-239).

ТАВАҶҶУҲ БА ТОҶИКОН?

Дар ҳақиқат, роҳбари давлати Шӯравӣ аз дастовардҳои пахтакорони тоҷик ба ваҷд омада буд, аз ин рӯ, дар чанд ҷаласаи расмӣ дар ин бора бо ифтихор суҳбат мекунад. Дар ин иртибот котиби КМ ҲКИШ, собиқ котиби якуми КМ ҲК Узбекистон Нуриддин Муҳиддинов дар китоби хотироти худ воқеаи ҷолиберо қисса кардааст.

Ӯ мегӯяд, дар соли 1955 ҳангоми бозгашти ҳайати баландрутбаи давлати Шӯравӣ зери роҳбарии Хрушёв аз сафари як қатор кишварҳои осиёӣ ҳавопаймо дар Тошканд фуруд омада, роҳбарони Узбекистон аз ӯ хостаанд, дар назди коргарон сухан гӯяд.

Барои дидану шунидани суханронии ӯ масъулони Узбекистон даҳҳо ҳазор нафарро дар майдони марказии шаҳри Тошканд ҷамъ оварда буданд. Ғайриинтизор Хрушев дар баромади худ ба тоҷикон ҳамду сано хонда, гуфтааст: “Тоҷикони азиз, ҳалолатон бод, шумо хуб кор мекунед, аммо кори ҳамсояи шумо узбекон чандон хуб нест.”

Ҳамаи онҳое, ки дар минбар ҳамроҳи Хрушев буданд, аз шунидани ин суханон “шок” шудаанд. Нуриддин Муҳиддинов аз раиси Шӯрои вазирони Шӯравӣ Н.А.Булганин хостааст, то ба гӯши Хрушев бигӯяд, ки ӯ дар Узбекистон ҳаст ва дар рӯ ба рӯи ӯ узбекон истодаанд, на тоҷикон. Аммо Булганин ин рисолатро ба уҳда нагирифта, ба Нуриддин Муҳиддинов гуфтааст, худаш рафта ин гапро ба Хрушёв расонад.

Азбаски дигар ҳеч илоҷ набуд, Нуриддин Муҳиддинов оҳиста-оҳиста ба Хрушёв наздик шудааст, вале азбаски ӯ саргарми суханронӣ буд, диққат надода, суханронии боэҳсоси худро идома медиҳад. Муҳиддинов ба ҷояш бармегардад, аммо азбаски таърифи тоҷикон идома ёфтааст, ӯ баъди чанд дақиқаи дигар боз ба Хрушев наздик шуда, оҳиста дар гӯшаш мегӯяд:

“Никита Сергеевич! Сокинони шаҳри Тошканд ва тамоми Узбекистон суханронии шуморо бо диққат гӯш карда истодаанд.”

Хрушёви ҳайратзада сарашро зуд ба тарафи ӯ гардонда мепурсад: “Шумо чӣ гуфтед?” Нуриддин Муҳиддинов такрор кардааст, ки “Шуморо узбекҳо гӯш карда истодаанд.” “Чаро ин гапро пештар нагуфтед?,” - изҳор медорад Хрушёв ва сипас рӯяшро ба тарафи микрофон гардонда, сухаронии худро чунин идома медиҳад:

“Сокинони азизи шаҳри Тошканд ва Узбекистон. Ман хостам шуморо танқид карда, вокунишатонро бубинам. Шумо тошкандиҳои азиз, шӯхии маро дуруст фаҳмидед, бодиққат гӯш кардед. Ташаккур ба шумо барои ин.” Аммо боз саргарми суханронӣ шуда, таърифи тоҷиконро давом медиҳад.

Идома дорад

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.