Шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон хабар дод, ки дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони ин кишвар маҳдудияти "кӯтоҳмуддат" ҷорӣ шудааст.
Сокинони Қирғизистон субҳ аз соати 6 то 9 ва шом аз соати 18 то 21 барқ хоҳанд дошт.
Манбаъ гуфтааст, ин маҳдудиятро ба далели ҷараён доштани таъмир дар нерӯгоҳҳои Тоқтогул ва Учқурғон, ки 5-уми март оғоз шуд, ҷорӣ карданд.
Хабарро вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев низ дар порлумон тасдиқ кард.
Ба гуфтаи вазир, таъмир дар нерӯгоҳҳо бояд 20-уми феврали имсол оғоз мешуд, вале ба далели сардӣ то 5-уми март ба таъхир гузошта шуд.
Ибраев афзуда, ки маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум дар Қирғизистон баъд аз 10-уми март бекор мешавад.